Ахири ҳафти сипаришуда дар толори конфронси меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe»-и пойтахт маросими баимзорасии Ёддошти тафоҳум миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва Ассотсиатсияи футболи Ҷопон (JFA) доир гардид.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФФТ, зери санади мазкур перзиденти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва ноиби президенти (JFA) Тозо Кашима имзо гузоштанд.
Ба иттилои манбаъ, Ёддошти тафоҳум бо мақсади рушди футбол дар Тоҷикистону Ҷопон, таҳкими робитаи дӯстона миёни кишварҳо ва ҳамчунин табодули таҷрибаи корӣ миёни ФФТ ва JFA ба имзо расидааст.