Бо дархости Федератсияи футболи Афғонистон Кумитаи доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба вохӯрии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Афғонистону Покистон, ки рӯзи 20-уми август дар шаҳри Кобул доир мегардад, дастаи доварони тоҷикро таъин кард.
Бино ба иттилои ФФТ, доварӣ дар ин вохӯрии байнулмилалӣ ба дӯши довари 41-солаи ФИФА аз Қӯрғонтеппа Равшан Ишматов вогузор шудааст. Аз соли 2006 Ишматов довари дараҷаи байнулмилалӣ мебошад.
Дар ин бозӣ ба Ишматов доварони паҳлӯи майдон – ассистентҳои довари ФИФА Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) ва Сайёд Зайниддинов (Душанбе) кӯмак хоҳад кард. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Умедҷон Раҳимов аз Қӯрғонтеппа вогузор шудааст.