Дар вохӯрии дуюми мусобиқоти анъанавии байнулмилалии футболи «Ҷоми Дӯстӣ-2013», ки дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон таҳти сарпарасии ФИФА ҷараён дорад, дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти сарварии сармураббии ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар бозӣ бо тими мунтахаби Озарбойҷон бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 дастболо шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, тӯбҳоро ба дарвозаи ҳарифон Муҳаммад Шарифов, Кароматулло Саидов, Рустам Толибов (ду тӯб) ва Муҳаммадҷони Ҳасан ба самар расониданд. Дар вохӯрии нахустин футболбозони навраси Тоҷикистон бо тими мизбон – дастаи Қирғизистон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби бузурги 7 бар 2 дастболо шуда буданд.
Дар вохӯрии ниҳоии мусобиқот рӯзи 7-уми август футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолони худ аз дастаи мунтахаби Белорус қувваозмоӣ мекунанд. Вохӯрии даври дуюми мусобиқот миёни дастаҳои Белорус ва Қирғизистн мусовӣ (2:2) анҷом ёфт.
Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз натиҷаи вохӯрӣ бо дастаи Белорус, футболбозони навраси тоҷик пеш аз муҳлат ғолиби ин мусобиқот шуданд.