Хуршед Мирзоев муовини аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Чунин қарор 9-уми август дар рафти конфаронси навбатии ФФТ қабул гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, мавсуф дар ин вазифа Валерий Турсуновро, ки бо хоҳиши худ аз вазифааш рафтааст, иваз намуд.
Зикр карда мешавад, ки дар конфаронси мазкур ба Валерий Турсунов унвони “Корманди фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон” супурда шуд.
Хуршед Мирзоеви 29-сола, ки ҳамчунин узви Кумитаи иҷроияи ФФТ аст, аз ин пеш, моҳи феврали соли гузашта раиси федератсияи футболи шаҳри Душанбе буд.