Вохӯрии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Ҳиндустонро, ки рӯзи чоршанбе, 14-уми август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд (оғози бозӣ – 17:00) доир мегардад, дастаи доварони тоҷик таҳти роҳбарии довари ФИФА Хуршед Додобоев, ассистентҳои довари ФИФА Баҳром Саъдуллоев ва Сайёдҷон Зайниддинов доварӣ мекунанд. Равшан Ишматов довари эҳтиётӣ ва раҳбари кумитаи доварони ФФТ нозири доварон таъин шудааст.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Додобоев дар бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон низ сардовар таъин шуда буд. Дар он бозӣ дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 3 бар 2 ғолиб омада буд.
Дастаи Ҳиндустон таҳти роҳбарии сармураббӣ аз Голландия Вилгелмус Якобус Куверманс бо 20 футболбоз – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 5 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар ба Тоҷикистон омад.