spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Даври интихобии Чемпионати футболи Осиё: Тоҷикистон-Ҳиндустон – 1:1


Вохӯрии аввали дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Ҳиндустон дар мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Ал-Қувайт рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар дақиқаи 36-уми вохӯрӣ футболбозони тоҷик ҳисобро кушода, вале дар дақиқаи 57-ум ҳарифон бо зарбаи ҷаримавии 11-метра ҳисобро баробар кардаанд.

Сармураббии дастаи наврасони Тоҷикистон Чикаши Сузуки пас аз бозӣ изҳор намудааст, ки дар ин вохӯрӣ Тоҷикистон ба бартарӣ соҳиб буда, вале аз имконоти зиёди голзанӣ хуб истифода накардааст.

«Таъини ҷаримаи 11-метра ба дарвозаи мо иштибоҳи довар аст ва ба дарвозаи ҳариф низ ахири бозӣ бояд зарбаи11-метра таъин мешуд, вале ман намефаҳмам, ки чаро довар онро таъин накард. Имкони ишғоли зинаи аввал дар гурӯҳро мо аз даст надодаем ва ба бозиҳои дигар омодагӣ гирифта, то ахир кӯшиш хоҳем кард», – иброз доштааст сармураббӣ.

Гуфта мешавад, имрӯз вохӯрии дуюми дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бо дастаи Бутан доир мегардад. Вохӯриҳои дигари дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» рӯзи 27-уми сентябр бо дастаи Қувайт ва рӯзи 29-уми сентябр бо дастаи Лубнон баргузор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки вохӯриҳои давраи инихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар гурӯҳи «А» аз 21 то 29-уми сентябр баргузор мешаванд. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи Алӣ Сабоҳ Ал-Салом дар Ал-Қувайт доир мегарданд.

Ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин аз ҳисоби тимҳои зинаи дуюмро ишғолнамуда ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) соли оянда дар Тайиланд баргузор мешавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...