Имрӯз тоҷикон президенти нав интихоб мекунанд



Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон барои 7 соли минбаъда президенти нави мамлакатро интихоб мекунанд. Дар саросари кишвар 69 ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил гардида, аз соати 6-и субҳи имрӯз беш аз 3 ҳазору 100 қитъаҳои интихоботӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ҳудуди 27 кишварҳои хориҷӣ низ барои шаҳрвандони тоҷики муқии ин давлатҳо 61 қитъаҳои интихоботӣ, аз ҷумла дар Русия 24 қитъаи интихоботӣ боз шуд. Ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар шаҳрвандони тоҷик метавонанд то соати 20:00 раъй диҳанд.

Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ният дорад, ки натоиҷи нахусти интихоботи президентиро соати 10-и субҳи рӯзи 7-уми ноябр эълон кунад. Сипас худи ҳамон рӯз соати 14:00-и вақти маҳаллӣ дар КМИР брифинги дигар низ доир мегардад.

Имрӯз соатҳои 10:00, 14:00 ва 18:00 дар бинои КМИР барои нозирону рӯзноманигорон брифингҳо ташкил карда шуда, дар он оид ба ҷараёни овоздиҳии шаҳрвандон дар маъракаи интихоботӣ маълумот дода мешавад.

Варақаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ ба нашр расидаанд. Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҶТ, варақаҳои овоздиҳӣ барои ҳавзаҳои интихоботӣ бо он забоне чоп шудаанд, ки аксари мардуми ин ё он ҳавзаи интихоботӣ бо он ҳарф мезанад. Ҳамагӣ 4 млн. 34 ҳазор варақаҳои интихоботӣ бо чор забони зикршуда нашр шудааст. Аксари кулли варақаҳо бо забони тоҷикӣ, ҳудуди 500 ҳазор адад бо забони ӯзбекӣ, 19 ҳазор – бо забони қирғизӣ ба чоп расидаанд. Барои танҳо интихобкунандагони вилояти Суғд 5 ҳазору 100 адад варақаҳо бо забони русӣ нашр шуданд.

Дар маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ширкат меварзанд, ки инҳо аъзои аҳзоби сиёсии ба мансаби президентӣ номзад пешниҳодкарда, намояндагони Иттифоқи ҷавонон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар мебошанд. Ғайр аз ин, комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ зиёда аз 370 нафар намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллиро низ сабти ном намудаанд, ки мониторинги ҷараёни овоздиҳиро анҷом медиҳанд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварда, дар маҷмӯъ 501 нафар нозир ва 80 нафар намояндагони ВАО-и хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное