Ҳукумати шаҳри Панҷакент бинои дафтари кории бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро қисман кӯчонид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ бо такя ба гуфтаҳои Сино Ҳасанзода, масъули бахши ҳизб дар шаҳри Панҷакент, рӯзи 5-уми июн намояндаҳои қудратии шаҳри Панҷакент аз қабили намояндаҳои прокуратураи шаҳр, раиси амният, масъули умури дохилӣ, масъулони коммуналӣ ва дигарон бинои бахши ҳизбро қисман тахриб намуда, шифоҳӣ ваъда додаанд, ки ба ивазаш замин медиҳанд.
Ӯ гуфтааст, «дари бахши ҳизбро махкам карда будам, мутаассифона, симҳоро канда, дохили бахши ҳизб шуда, ба вайронкорӣ даст заданд. Аз мо напурсиданд, ки дар бино чӣ асту дар кадом асос бояд бино тахриб шавад. Болопӯши бинои мо 11 “плита” дошт, ҳоло сетояшро канданд ва тасмим доранд, то девори биноро низ тахриб кунанд.”
Сино Ҳасанзода қаблан изҳор доштааст, ки нахуст онҳоро хотиррасон карда буданд, ки аз сабаби дар канори роҳ будани дафтари ҳизб эҳтимол он тахриб карда шавад, аммо қарори қаблӣ, ки арзи роҳи автомобилгардро дар дохили шаҳр 34 метр арзёбӣ мекард, ба 18 ё 20 метр иваз карда шуд ва аз ин рӯ, қароргоҳи ҳизб бояд ҳифз мешуд, вале имрӯз «боз ба тахриб намудани он шурӯъ намудаанд».







