Ҳамзамон бо охирин рӯзи музокироти гурӯҳи 5+1 дар Вена сарони кишварҳои Эрон ва Русия бо якдигар тариқи телефон гуфтугӯ карданд.
Ба иттилои бахши тоҷикии радиои Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар ин тамоси телефонӣ Владимир Путин ба Ҳасани Рӯҳонӣ итминони хотир додааст, ки Маскав иҷоза нахоҳад дод, ки музокироти ҳастаӣ то бениҳоят идома дошта бошад ва дар рафъи таҳримҳо алайҳи Эрон таъхир сурат гирад.
Гуфта мешавад, дар ин гуфтугӯ Маскав пешниҳод кардааст, ки таҳримҳо алайҳи Эронро ба сурати тадриҷӣ ва якҷониба ҳазф ва дар ин замина Чинро бо худ ҳамроҳ кунад.
Зимнан зикр мегардад, ки ин хабар дар ҳоле эълом шуд, ки нишасти вазирони корҳои хориҷии Эрон ва 5+1 дар Вена ба итмом расид ва вазирони корҳои хориҷии Англия ва Русия тамдиди музокирот то поёни моҳи июни соли ояндаи мелодиро таъйид карданд.