Хабаргузории
Khaama Press
иттилоъ медиҳад, ки дар Афғонистон Кобули нав сохтанианд, ки андозааш аз Кобули имрӯза ду баробар зиёдтар хоҳад буд.
Муовини роҳбари ташкилоти Kabul New City Development (KNC) Илҳом Умар Хотакӣ дар ин робита изҳор намудааст, ки аллакай бо 5 ширкат оид ба сохтмони 55 ҳазор манзили зист созишнома ба имзо расидааст.
– Давоми 15 сол сохтмони 600 ҳазор манзил дар 840 километри мураббаъ, воқеъ дар қаламрави миёни фурудгоҳи Хоҷи Раваши Кобул ва фурудгоҳи Багром, ки пойгоҳи низомии ИМА мустақар аст, тарҳрезӣ шудааст, – иттилоъ медиҳад
ТАСС
.
Кобули нав барои 2,5 млн. нафар сокинон пешбинӣ шудааст. Корҳои лоиҳакашии сохтмони шаҳри нав 8 сол қабл ба итмом расида, дар таҳияи нақшаи генералии он коршиносони маҳалливу хориҷи саҳм гирифтаанд. Тибқи арзёбии пешакӣ, барои сохтмони шаҳри нави Кобул 80 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст.
Айни замон ширкатҳои ба ин лоиҳа ҷалбшуда розигии президенти Афғонистон ба оғози корҳои сохтмонро интизоранд. Дар ҳамин ҳол, андешаҳое низ изҳор карда мешаванд, ки дар сурати муташанниҷ шудани вазъ баъди хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, лоиҳаи Кобули нав шояд амалӣ нагардад.