Дар нишасти комиссияи ҳамкориҳои техникӣ-низомии Русия президенти ин кишвар Владимир Путин гуфтааст, соли 2014 Русия ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафтаи содиркунандаи аслиҳаву муҳимот ва таҷҳизоти низомӣ бо зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон дар ин бахш муомилот дошта, ҳаҷми даромад аз содироти аслиҳаву таҷҳизот ва техникаи ҳарбӣ ба беш аз 15 млрд. доллари ИМА расидааст.
Бино ба иттилои радиои эронии Садои Хуросон бо истинод ба хабаргузории ИРНА, сарвари давлати Русия ёдовар шудааст, ки айни замон беш аз 80 кишвари ҷаҳон шарики Русия дар арсаи ҳамкориҳои фаннӣ-низомӣ ҳастанд.
«Дар ин шароит ҳузури худро дар бозори таслеҳотии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, Африқо, Амрикои Лотин густариш хоҳем дод», – иброз доштааст Владимир Путин.