Хабаргузории
The Telegraph
иттилоъ медиҳад, ки созмони террористии «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ба сикказании тангаҳои худ – динор шурӯъ намуд, ки 1 динори тиллоӣ баробари 139 доллари ИМА муқаррар шудааст.
Аксҳои тангаҳо дар микроблоги
Twitter
аз ҷониби яке аз корбарони фаъоли ин шабака гузошта шудааст, ки мухолифи ДИИШ буда, дар шаҳри таҳти тасарруфи ҷангиён қарордоштаи Раккаи Сурия иқомат доштааст.
Бино ба иттилои
Lenta.ru
, дар як тарафи динор навиштаҷот бо забони арабӣ ва дар тарафи дигараш хариати ҷаҳон дарҷ ёфтааст.
Ба иттилои нашрияи The Mirror, тангаҳо бо тасвири ҳафт хӯшаи гандум низ мавҷуд буда, ин тангаҳо ояндаи наздик ба муомилот бароварда мешудаанд.
Моҳи ноябри соли гузашта ДИИШ дар бораи нияти ба муомилот баровардани пули худ ва баргардонидани динор, ки замони исломи пешин истифода мешуд, хабар дода буд. Чун дар асрҳои миёна, ин тангаҳо низ аз тиллову нуқраи тоза сикка зада мешаванд.