Бар асари сурат гирифтани амали террористӣ нисбати прокурори генералии Миср Ҳошим Баракат дар шаҳри Қоҳира, ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расид.
Дар ин бора нашрияи
«Ал-Аҳром»
бо истинод ба як манбаъ аз госпитале, ки прокурори генералӣ дар он бистарӣ шуда буд, хабар медиҳад.
Нашрияи
ВЕДОМОСТИ
дар ин робита менависад, қаблан намояндаи расмии Вазорати тандурустии Миср изҳор доштааст, ки дар натиҷаи инфиҷори автомашинааш дар пойтахт, прокурори генералии кишвар ҷароҳатҳои начандон зиёд бардоштааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар мавриди ин ҳодиса, террористон ҳангоми гузашти қатори автомашинаҳои ҳомили прокурор таҷҳизоти таркандаро тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ инфиҷор додаанд. Прокурор бо ҳайати ҳамроҳонаш бо мақсади боздид аз факултаи ҳарбӣ ба минтақаи Гелиополис раҳсипор будааст. ба воситаҳои нақлиёт низ хисорот расидааст.