Раҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва суғуртаи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки «бо таъини нафақаи беҳад зиёд дар ҳаҷми 16-17 ҳазор сомонӣ ба мансабдорони воломоқаом ҳеҷ чорае наметавон андешид, зеро қонун
қувваи бозгашт надорад
». Ба ин гурӯҳ собиқ роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
Амонулло Ҳукуматулло
низ дохил мешавад.
Мутахассиси Агентӣ Абдураҳмон Ҳакимов дар ин робита изҳор дошт, ки нафақаи маъюбиро пас аз хулосаи коршиносони Хадамоти давлатии ташхиси тиббиву иҷтимоӣ таъин мекунанд. «Аз ташхиси дубора гузаштани Амонулло Ҳукуматуллоро аз ин Хадамот пурсед», – қайд кард ӯ.
Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии аввали соли ҷорӣ роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Ғоиб дар посух ба саволи журналистон оид ба нафақаҳои ғайриқонунӣ таъиншуда
изҳор намуд,
ки шахсоне, ки ба онҳо ғайриқонунӣ нафақаи маъюбӣ таъин шудааст, бояд маблағҳои гирифтаашонро ба давлат баргардонанд.