Амалиёт бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақаи
Вазиристони Шимолии Покистон идома дорад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», ҳавопаймоҳои зарбазани нерӯҳои низомии Покистон истеҳкоми ҷангиёни «Толибон» ва чанд махфигоҳи марбут ба онҳоро дар яке аз минтақаҳои кӯҳии Вазиристон Шимолӣ ҳадаф қарор дода, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ 14 ҷангии «Толибон» кушта, даҳҳо тани дигар захмӣ карда шудаанд.
Гуфта мешавад, бар асари зарбаҳои ҳавоӣ сокинони маҳаллӣ ҳам зарар дидаанд. Тибқи омор аз оғози ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои низомии Покистон дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои ҳориҷӣ дар Вазиристони Шимолӣ 3 ҳазор ҷангии мухолифи давлат маҳв карда шудааст.