Имрӯз дар пойтахти ИМА – Вашингтон маросими ифтитоҳи сафоратхонаи Куба доир мегардад, ки пас аз 54 соли қатъи муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо дубора ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар ин бора нашрияи
The Telegraph
иттилоъ медиҳад.
Хабаргузории
Интерфакс
дар ин робита менависад, дипломатҳои Куба ин маросимро ботантана ҷашн гирифта, иштироки котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар он дар назар аст Хосе Рамон Кабанянс сафири Куба дар ИМА таъин шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин назди даромадгоҳ ба бинои департаменти давлатии ИМА дар қатори парчамҳои кишварҳое, ки бо ИМА муносибатҳои дипломатӣ доранд, парчами Куба низ барафрохта хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо замони президентии Дуайт Эйзенхауэр ва баъди сари ҳукумати Куба омадани Фидел Кастро қатъ шуда буданд. Пас аз инқилоби Куба дар соли 1959 ИМА нисбати Куба таҳримхои иқтисодӣ ҷорӣ намуда, соли 1961 муносибатҳои дипломатӣ бо ин кишварро қатъ намуда буданд.