Тайи як ҳафта беш аз 6 ҳазор нафар аз гармои шадид дар Ҷопон осеб дида, 14 нафари онҳо ҳалок шуданд, ки аз нисф зиёди онҳо шахсони синни аз 65-сола боло будаанд.
Хабаргузории
РИА Новости
дар ин робита менависад, муддати чанд рӯз аст, ки дар баъзе минтақаҳои Ҷопон ҳарорати ҳаво то ба 37 дараҷа гармӣ расида, давоми ин муддат 6 ҳазору 165 нафар барои кумаки тиббӣ бар асари гармо муроҷиат кардаанд.
Ҳукумати Ҷопон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки муддати зиёд зери шуоъҳои офтоб наистода, аз тадбирҳои бехатарӣ эмин мондан аз таъсири зиёновари гармӣ ба саломатӣ истифода намоянд.