Ҳукумати Туркия нахуст амалиёти ҳарбиро бар зидди гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ» дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Сурия оғоз бахшид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», зимни амалиёт 4 мавқеи ин гурӯҳи террористӣ мавриди ҳадаф қарор дода шуд.
Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол намояндагони вазорати мудофиаи ИМА гуфтаанд, ҷониби Туркия ба неруҳои эътилоф иҷозат дод, ки аз пойгоҳи бузурги низомии «Инчирлик»-и кишвар истифода барад. Пойгоҳи «Инчирлик» тахминан 160 километр дур аз сарҳади Сурия ҷойгир мебошад. Ба андешаи масъулини ИМА аз сарҳади Туркия, бахусус аз пойгоҳи низомии «Инчирлик» ҳамла намудани мавқеъҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар ҳудуди Сурия хеле осон мебошад.
Зикр мегардад, ки дар шаҳраки Килиси Туркия, воқеъ дар назди сарҳади Сурия миёни марзбонони турк ва силоҳбадастон ин гурӯҳ даргирии мусаллаҳона сар зад. Дар натиҷа як сарбози Туркия ва як ҷанговари гурӯҳи «Давлати исломӣ» ҳалок гардиданд. Вобаста ба ин, ҷониби Туркия ба шаҳраки Килис техникаҳои вазнини ҷангӣ, аз ҷумла чанда адад танк таҳвил додааст.