Шабакаи телевизионии Fox News бо такя ба гуфтаҳои ёвари вазири молияи ИМА оид ба масоили мубориза бо маблағгузорӣ ба терроризм Дэниэл Глейзер
иттилоъ медиҳад
, ки Гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» (ДИ) ҳар моҳ аз фурӯши нафт 40 млн. доллари ИМА даромад мегирад.
Нашрияи
ВЕДОМОСТИ
, дар ин робита менависад, ин даромад ба «Давлати исломӣ» имкон медиҳад, ки барои хизматҳо ба ҷангиёни худ ҳар моҳ 1000 доллари ИМА маблағ пардохт кунад.
Ин маълумотро Вашинтон дар натиҷаи роҳандозии амалиёти нобудсозии яке аз пешвоёни Давлати исломӣ Абӯ Сайёф, ки истихроҷи нафт дар шарқи Сурияро таҳти назорат дошта, аз маълумоти молиявии гурӯҳ огаҳӣ доштааст, ба даст овардааст.
Вазъи молиявии Давлати исломӣ баъди ғасби Мосул моҳи июни соли 2014 афзуд, ки ин шаҳри дуюми бузургтарини Ироқ буда, дар музофоти аз нафт ғанӣ дар шимоли кишвар воқеъ аст. Дар натиҷаи ишғоли ин шаҳр ифротгароён аз 500 млн. то 1 млрд. доллари ИМА, ки дар бонкҳои аз ҷониби онҳо тасарруфшуда нигоҳ дошта мешуданд, даромад
ба даст оварданд
.
Гуфта мешавад, моҳи январи соли 2014 вазири мудофиаи ИМА Чак Хейгел даромади солонаи Давлати исломӣ аз фурӯши нафт ва ҳамчунин андозу боҷҳоро 800 млн. доллари ИМА арзёбӣ карда буд.