Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бунёди майдончаҳои бозӣ ва истироҳат барои кӯдакон дар назди манзилҳои навсохтро таҳти назорати худ мегирад.
Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини раиси пойтахт Ашӯрбек Расулов дар ин робита изҳор намуд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур додааст, ки майдончаҳо барои бозии кӯдакони ҳанӯз замони шӯравӣ бунёдшударо барқарор намоянд ва 10 рӯз қабл назди ҳукумати шаҳр як сохтор таъсис дода шудааст, ки ба бунёди майдончаҳои нав барои кӯдакон ва барқарор кардани майдончаҳои вайроншуда машғул мешавад.
«Ғайр аз ин, бо супориши раиси пойтахт айни замон дар тамоми ноҳияҳои шаҳр 69 майдонча барои кӯдакон сохта шуда истодааст, ки барои сохтмони ҳар кадоме аз онҳо аз буҷети шаҳр 500-600 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад», – гуфт муовини раиси шаҳр.
Ба гуфтаи ӯ, минбаъд тамоми ширкатҳои сохтмонӣ бунёди майдончаҳо барои кӯдакон дар назди манзилҳои навсохтро бояд ба инобат гиранд, вагарна барои сохтмон иҷозатнома дода намешавад.