Дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ навор аз камераҳои видеоии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пахш шуд, ки дар он ҳодисаи типарронӣ миёни гурӯҳи генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода ва кормандони ВКД Тоҷикистон субҳи рӯзи 4 сентябр намоиш дода мешавад.
Дар навори видеоӣ вақти ҳодиса – 05-34 дақиқа сабт шудааст. Дида мешавад, ки яке аз ҷангиёни Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) захмӣ мешавад.