Дар бозии даври 6-уми мусобиқаи Чемпионати Олмон оид ба футбол дар вохӯрӣ бо дастаи «Волфсбург» ҳамлагари дастаи «Бавария» Роберт Левандовски дар муддати 9 дақиқа ба дарвозаи ҳариф 5 гол зад. Ин бозӣ ба ҳисоби 5 бар 1 ба фоидаи дастаи «Бавария» анҷом ёфт.
Хабаргузории Sports.ru менависад, ин пента-трик, ки дар муддати 9 дақиқа сурат гирифт, аз ҳама зудтарин дар таърихи топ-4-и чемпионатҳои Аврупо маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин дар доираи топ-4-и чемпионатҳои Аврупо қаблан ба ҳеҷ касе муяссар нашуда буд, ки баъди иваз шудан ба бозӣ баромадан 5 тӯбро ба ҳадаф расонад (Левандовски дар қисми дуюми вохӯрӣ ба бозӣ баромад).
Дар чемпионати футболи Испания ин рекорд ба Ладислав Кубале (5 гол дар зарфи 19 дақиқа соли 1952), дар чемпионати Англия ба Ҷермейн Дефо (5 гол дар зарфи 36 дақиқа соли 2009) ва дар чемпионати Италия ба Мирослав Клозе (5 гол дар зарфи 39 дақиқа соли 2013) мансуб аст.