Дар яке аз хонаҳои бинои манзили зисти баландошёнаи воқеъ дар хиёбони Синои пойтахт нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр сӯхтор сар зад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон, сӯхтор дар хонаи Тилло Зиёдуллоеви 47-сола дар ошёнаи дуюми бино рух дода, алангаи оташ 800 метри мураббаъ, 6 манзили зист ва дигар иншооти ёрирасонро фаро гирифт.
Гуфта мешавад, барои хомӯш намудани сӯхтор ва бартараф сохтани оқибатҳои он 12 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ, се адад нақлиётҳои нардбондори ёрирасон, ҳамчунин ҳайати шахсии РХДО ш. Душанбе ва СХДО ВКД сафарбар карда шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ба туфайли маҳорати баланди касбии оташнишонон амволи шаҳрвандон ба маблағи 10 млн. сомонӣ аз оташ эмин нигоҳ дошта шуда, касе аз шаҳрвандон ва ҳайати шахсии оташнишонон зарари ҷисмонӣ набардоштаанд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки нисбати ҳодисаи мазкур аз тарафи мутахассисони соҳа тафтишот идома дошта, сабаб ва зарари расонидашуда аз сӯхтор муайян карда мешавад.
Навори видео аз Лутфулло Тағоев, шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»