Беназирии техникаи LG дар мутобиқат бо дизайн ва татбиқи инноватсияҳои пешқадам мебошад. Мошинаҳои ҷомашӯӣ дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи худро доранд ва ҳанӯз аз рӯзи аввал, аниқтараш аз ҷомашӯии аввалин касро бетараф намегузоранд! Муҳимаш кори давомнок, истифодабарии содда ва ҷомашӯуии ғамхоронаву босамар аст.
Дар ёд доред, дар филме дар бораи ҳаёти соҳибхоназанон, беҳтарини онҳо ҷомашӯйкуниро пешакӣ ба нақша мегирифт ва ба ҳеҷ ваҷҳ нақшаашро дигар намекард. Санъати тайм-менеҷментро ҳар кас доро нест. Бисёре аз мо корамонро саривақт ба анҷом расонида наметавонем ва баъд аз чанд вақт ҷомашӯйхонаи мо ба ҷомашӯйхонаи ҳиндуҳо дар ҳавои тозаро мемонад. Бале, ин гуна ҷойҳо ҳоло ҳам мавҷуданд!
Калонтарин чунин ҷомашӯйхона дар Дҳоби-Гҳати ш. Мумбай ҷойгир аст. Тааҷҷубовар аст, ки хизматрасонии ин ҷомашӯйхона хело ҳам маъмул аст. Ҷомашӯӣ ба тариқи ҳиндӣ кори сермашаққат аст. Пеш аз ҳама либосҳоро дар чалакҳои калони бетонӣ дар оби чалғӯзаи кафкдор тар мекунанд. Ин тариқ ҷомашӯиро тасаввур кардан амри маҳол аст, махсусан агар шустани либосҳои қимматбаҳову тӯрҳошиядор пеши назар ояд, касро ваҳм мегирад.
Навтарин мошинаҳои ҷомашӯии LG либосро ғамхорона аз чирку васмат тоза намуда, вақту қуввати Шумо, обу нерӯи барқро сарфа менамояд. Ғамхорӣ нисбати муштариёни худ – ин аст меъёри асосии кормандони ширкат. Коркарди иноватсионии LG- технологияи 6 Motion ба истифодабаранда 6 алгоритми ҷомашӯиро пешниҳод менамояд: «Алвонҷдиҳӣ»,
«
Серрангкунӣ», «Гардиши реверсӣ», «Тобдиҳӣ», «Ҳамворкунӣ», ҳамчунин гардиши стандартии устувона. Ин амалиётҳо имконияти интихоби шакли дилхоҳи оптималии либосшӯӣ, фишурдан ва хушконидани либосҳои гуногунматоъро пешниҳод менамоянд.
Технологияи нав имконият медиҳад, то хокаҳои ҷомашӯӣ ба матоъ ворид шуда, ҳатто дар ҳолати хунук будани об либосро тоза намоянд. Технологияи 6 Motion шустушӯи дақиқи либосро дар ҳолати истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ низ таъмин менамояд.
Ин ба шумо технологияи ҳиндӣ нест, ки дҳоби ном либосшӯён ба кор мебаранд: баъди тар кардани либос оби онро фишурда, 20-30 маротиба онро ба лаби чалакҳои бетониашон мезананд, то матоъ тоза шавад. Дар ин ҳолат шояд либос топ-тоза шавад, вале умри либосҳо бешак кӯтаҳ мешавад. Сарф шудани вақти қимматбаҳоро намегӯед!
Барои хушк кардани либос онро ба долон баровардан лозим, барои ин ҳам вақти зиёд сарф мешавад. Мошинаҳои ҷомашӯии бо дастгоҳи хушккунандаи «2 бар 1»-и модели F1496AD3 имконият медиҳанд, ки бо пахши як тугмача либосҳо шуставу хушк карда шаванд.
Боз як навгонӣ муҳаррики инверторӣ бо ҳаракатовари мустақими Inverter Direct Drive мебошад. Он нерӯи барқро хело сарфа менамояд. Inverter Direct Drive бо садои хеле паст ва ларзиши кам кор мекунад. Ширкати LG эътимоднокии баланди Direct Drive-ро тасдиқ намуда, ба ҳамаи муҳаррикҳои ин намуд кафолати 10-соларо пешниҳод менамояд. Мошинаҳои ҷомашӯии LG-ро дар қаламрави Тоҷикистон шумо метавонед дар шабакаи мағозаҳои паҳнкунандаи расмии ширкати LG Electronics – Volna пайдо намоед.