Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳодисаи куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ марбут намедонад.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Сино ҳанӯз аввали моҳи ноябр ба иҷро расида буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳафтаи гузашта бори нахуст дар шаҳри Душанбе нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат иҷро шуд.
Маҳмадалиев таъкид дошт, ки ин ҳодисаи фоҷеабор берун аз қаламрави комиссариати ҳарбӣ рух дода, ба кадом хотир даст ба ин амал задани ҷинояткорон алҳол маълум нест.
Ёдрас мекунем, ки
ахири ҳафтаи сипаришуда
афроди номаълум ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарафтода, дар натиҷа ду нафар аз кормандони ин комиссариат ба ҳалокат расиданд.
Дар ин робита Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон дархост мекунад, ки агар оид ба ҳодисаи куштор ва шахсияти ҷинояткорони дар он дастдошта ягон маълумот дошта бошанд, ба мақомоти милитсия хабар расонанд.
Гуфта мешавад, касоне, ки дар ин бора маълумоти дақиқ медиҳанд, 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида мешаванд. Нисбати шахсоне, ки ягон маълумот ва ё хабар медиҳанд, пинҳон доштани шахсияти онҳо кафолат дода мешавад.