Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи боз як қурбонии заминларзаи шадид дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.
Сухангӯи Кумита Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар километри 70-уми роҳи мошингарди Рӯшон – Бартанги ВМКБ автомашинаи кормандони милиса зери сангу кӯҳпораҳо монда, як тан аз кормандони милиса ҳалок ва боқимонда се нафари дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, айни замон муайян карда шудааст, ки бар асари офати табиӣ дар ВМКБ ду нафар ҳалок ва 13 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар километри 462-юми роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ бар асари заминларза автомашинаи навъи «Далан» зери сангу кӯҳпораҳо монда, ронандаи он – сокини шаҳри Норак Ҷонӣ Ғаниев ба ҳалокат расид.
Тибқи маълуомти то ин замон расида, бар асари заминларза дар ВМКБ беш аз 500 манзил хароб гардида, аз заминларза аз ҳама бештар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон осеб дидааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҷамъоварии маълумот оид ба ҳаҷми зиёни расида аз заминларза дар ҷумҳурӣ идома медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки
бар асари заминларзае
, ки нимаи рӯзи 7 декабр дар қаламрави Тоҷикистон рух дод, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хисороту осеб ба қайд гирифта шуд.
Бино ба ба маълумоти Муассисаи илмии «Хадамоти геофизикӣ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази заминларза дар 357 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 22-юм аз кўли Сарез ҷойгир буда, қувваи он дар марказ 7-8 бал, дар Сарез 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балро ташкил дод.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», имрӯз бо супориши Президенти мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим барои бартараф сохтани оқибатҳои заминларзаи шадид дар вилояти Бадахшон комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд. Ба комиссияи мазкур роҳбарони аввали вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои масъул шомиланд.
Гурӯҳҳои кории вилоятӣ таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Тоҷиддин Назришоев ба ноҳияи Рӯшон ва таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Исрор Исроров ба ноҳияи Шуғнон сафарбар шуданд. Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории ҳукумати ноҳия ва вилоят қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки бар асари заминларзаи моҳи октябр дар қораи Осиё 385 нафар, аз ҷумла дар Покистон – 267 нафар, Афғонистон – 115 нафар ба ҳалокат расида, дар Покистон беш аз 10 ҳазор манзили сокинон хароб шуд. Он замон қувваи заминларза дар маркази он – шимоли Афғонистон дар кӯҳҳои Ҳиндукуш 7,5 балл арзёбӣ шуда буд.



