Ду нафар сокинони вилояти Суғд, зодагони ноҳияи Ашт Абдувалӣ Юлдошев ва Охунҷон Эргашев, ҳарду 32-сола зимни моҳидорӣ дар дарёи Сир ҳалок шуданд.
Дафтари маатбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки нимаи дуюми рӯзи да нафар шахсони дар боло зикршуда, Акрамҷон Имомови 32-сола ва Набиҷон Тухтасунови 34-сола, сокинони деҳаи Хуҷамбердиеви ноҳияи Ашт, бо мақсади моҳигирӣ ба мавзеи “Етти-Теппа”-и ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи мазкур рафтаанд.
Гуфта мешавад, сипас, Юлдошев А., Эргашев О. ва Имомов А., ба қаиқи резинӣ савор шуда, вориди дарёи “Сир” шудаанд, ки ногаҳон шамоли сахт вазида, мавҷи дарё баланд шуда, қаиқи онҳоро чаппа намудааст, ки дар натиҷа шаҳрвандон Юлдошев А. ва Эргашев О. дар дарё ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷасади шаҳрванд Юлдошев А. дарёфт карда шуда, барои дарёфти ҷасади шаҳрванд Эргашев О. чорабиниҳо идома дорад.



