Бар асари ҳамлаи худкуш дар наздики пойгоҳи ҳавопаймоии Багромӣ дар Афғонистон 6 нафар хидматчиёни Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», як рӯз пештар дар вилояти Парвон як посбони пиёдагарди амрикоӣ дар ҳудуди пойгоҳи зикршуда дучори ҳамлаи худкуш гардида,масъулияти таркишро намояндагони ҷунбиши «Толибон» ба дӯши худ гирифтанд.
Пештар маълумот дар бораи ҳалокати 5 нафар хидматчиёни ҳарбии хориҷӣ дастраси матбуот гардида, вале баъдан намояндагони қувваҳои эътилоф изҳор доштаанд, ки шумораи ҳалокшудагон назар ба маълумоти ҳукуматдорони маҳаллӣ бештар будааст.
Мувофиқи ҳисоботи намояндагии НАТО, дар ҳоли ҳозир тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дошта, аз рӯи натиҷаи он маълумоти иловагӣ марбут ба ҳолатҳои ҳамла интишор мегардад.
Дар натиҷаи таркиш ғайр аз 6 нафар ҳалокшудагон 6 нафари дигар захм бардоштаанд, ки 3 нафарашон аъзои ҳайати «Дастгирии қатъӣ» ва 3 нафари дигарашон хидматчиёни пулиси Афғонистон будаанд.