Имсол ширкати LG тарафи ширкати S&P аз рӯи индекси Доу Ӌонс пешсаф дониста шуд. Ин аллакай бори якум нест, ки ширкати LG ҳамчун ширкати муътадил ва масъул дар соҳаи дахлдори саноат дониста мешавад.
Хадамоти шохиси S&P Dow Jones ширкати сармоягузории Robeco SAM, ки ба сармоягузории муътадил таваҷҷуҳи хосса медиҳад, имрӯз натиҷаи мунтахаби ҳарсолаи шохиси Доу Ӌонсро эълон намуданд. (DJSI).
LG бори дигар топ – ширкати шохиси DJSI дар самти молҳои истеъмолӣ ва саноатӣ дониста шуда, мақоми пешворо дар рӯйхати умумии ширкатҳои пешрав, мисли Volkswagen, Unilever ва 21-тои дигар брендҳои ҷаҳонӣ соҳиб гашт. Соли дуюм аст, ки ширкати LG аз ҳама ширкати муътадил дар категорияи худ дониста мешавад ва дар давоми чор сол мунтазам ширкат ба мунтахаби ҷаҳонии DJSI дохил карда шудааст.
«Барои ширкати LG ин шарафи бузург аст. Мо аз оне, ки чунин номҳои муҳтарами олами бизнес моро эътироф кардаанд, ифтихор мекунем,», – гуфт Ли Чунг-Хак, ноиб-президенти иҷроияи LG Electronics. – Баҳодиҳии ҳарсолаи муътадилии корпоративӣ аз ҷониби RobecoSAM, мусоидат мекунад, ки фаъолияти мо ҳамчун созмони масъул ва тавонои рақобат бо дигар ширкатҳо баҳогузори карда шавад. Донистани оне, ки мо аз ҳамаи интизориҳо пешсафем, гуворост. Чунин тафсирҳои конструктивӣ барои дарки аҳамияти фаъолияти мушкил ва ҳамаи кӯшишҳои кормандони мо кумак мекунад».
DJSI якумин индекси глобалиест, ки рушди муътадили ширкатҳои барандаро дар тамоми ҷаҳон, тибқи таҳлили омилҳои молиявию моддӣ, иҷтимоӣ, идоракунии муҳити атроф, ки аз ҷониби RobecoSAM гузаронида мешавад, пайгирӣ ва эълон мекунад.
Баҳогузории ҳарсолаи муътадилии корпоративии (CSA) RobecoSAM муайян мекунад, ки кадом ширкатҳо рейтинги ширкатҳои аввалини шохисҳои глобалии рушди муътадилро соҳиб мегарданд. Дар маҷмӯъ 3 400 ширкати бузургтарини тамоми дунё барои иштирок дар баҳогузории ҳарсолаи муътадилнокии корпоративӣ даъват шуда буданд. Имсол RobecoSAM 85 дарсади сармоякунонӣ (капитализатсия)-и ширкатҳои ба мунтахаби DJSI даъватшударо баҳогузорӣ намуд.
Рӯйхати ширкатҳо ва таҳлили муфассал DJSI дар веб-сайти шохисҳои муътадилнокӣ нашр шудаанд: (http://www.sustainability-indices.com/review/industry-group-leaders-2015.jsp).