Бар асари таркиш дар корхонаи коркарди гази ширкати Chikason Group дар шаҳри Нневии Нигерия беш аз 100 нафар ҳалок шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Naij » хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, қурбониёни ин таркиш аксаран дар оташ фавтида, ба гуфтаи шоҳидон, ҳодиса соати 11-и рӯз рух додааст. Ҷабрдидагон ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шудаанд.
Наҷотдиҳандагон аз сабаби зиёд будани алангаи оташ сари вақт натавонистаанд, ки ба корхона ворид шаванд.
Хабаргузории Reuters дар мавриди 4 фавтида ва 4 осебдида хабар додааст.
Зикр мегардад, ки таркиш ҳангоми пур кардани зарфҳои газ ба амал омада, корхона пурра хароб гардидааст. Инчунин якчанд хонаи истиқоматии атрофи корхона низ осеб дидаанд.