Имрӯз чанде аз собиқ саҳҳомони Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) ба идораи «Азия-Плюс» занг зада, дархост намуданд, ки барои инъикоси вазъ атрофи ин фурӯшгоҳ журналистро сафарбар намоем.
Дап қаламрави хизматии фурӯшгоҳ афроди норозӣ, иҷорагирони фурӯшгоҳҳо гирдиҳам омада, талаб доштанд, ки арзиши иҷораи фурӯшгоҳҳо поин бурда шавад.
Ёдрас мекунем, ки
ахири соли гузашта
, ба кормандони Фурӯшгоҳи марказии Душанбе ё худ маъруф ба «ЦУМ» имрӯз директори навашонро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин ҳозирин бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе шинос карда шуданд, ки мутобиқи он ҶС «Фурӯшгоҳи марказӣ» (ЦУМ) ба давлат баргардонида шуда, расман ба Маркази давлатии савдои Тоҷикистон табдили ном кард. Нимаи моҳи феврали соли ҷорӣ Фурӯшгоҳи марказӣ ба тавозуни Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ гузаронида шуд.
Рӯзи 1 март раҳбарияти нави фурӯшгоҳ собиқ саҳҳомон ва фурӯшандагони қаториро даъват карда, ба онҳо хабар додааст, ки минбаъд барои 1 метри мураббаъи майдони иҷораи фурӯшгоҳ 160 сомонӣ маблағ ситонида мешавад. Қаблан арзиши иҷораи як метри мураббаъи фурӯшгоҳ ба 60 сомонӣ баробар буд. Илова бар ин, дар ин 160 сомонӣ маблағ андозҳо, пардохти пули барқ ва анбор дохил нест, ки пештар ҳамаи ин дар дохили ҳамон маблағи 60 сомонӣ ҷой дошт.
Яке аз собиқ саҳҳомони фурӯшгоҳ мегӯяд, ҳамин тариқ «соҳибони нав хостори онанд, ки мо ихтиёрӣ ҷойҳои кории худро тарк кунем».
«Дирӯз мо ҷаласа доштем ва яке аз намояндагони дастгоҳи президент, ки ҳатто худашро муаррифӣ накард, ба мо гуфт, ки акнун мо бояд барои иҷораи 1 метри мураббаъ 160 сомонӣ пардохт кунем. Ғайр аз ин, онҳо мехоҳанд, ки мо дар марказ тибқи ороиш (эскиз)-и пешниҳодкардаашон таъмир гузаронем», – гуфт яке аз собиқ саҳҳомон, ки ифшои номашро нахост.
Имрӯз иҷорагирони норозӣ талаб карданд, ки ба онҳо шароити кори пештараашон фароҳам оварда шавад ва дар акси ҳол, онҳо дарҳои фурӯшгоҳро боз накарда, савдоро ҳам ба роҳ намемонанд.
«Ман 46 сол боз дар ин ҷо кор мекунам ва ягон бор чунин мушкилот ҷой надошт. Моро кор кардан намегузоранд! Мо ҷойҳои корамонро тарк карда, баъд бо чӣ кор машғул шавем?», – изҳори норозигӣ кард яке аз саҳҳомон.