Ҷашни байнулмилалии Наврӯзро бори 11-ум дар шаҳри Маскав пуршукӯҳ таҷлил намуданд. Чорабиниҳои ҷашнӣ бо иштироки беш аз 35 ҳазор меҳмонон дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ)-и пойтахти Маскав баргузор шуданд.
Ин чорабиниҳо бо ташаббуси ҳукумати шаҳри Маскав дар ҳамдастӣ бо 20 диаспораҳои миллӣ ва 10 сафоратхонаҳо (Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон), 3 намояндагии ваколатдори автономияҳои миллии Русияи назди президенти ин кишвар (Доғистон, Тотористон ва Бошқирдистон) ва ҳамчунин диаспораи тотории шаҳри Толятти ва вилояти Маскав доир гардиданд.