Дар вилояти Суғд маросими «кулчагазон» эҳё мегардад. Ин маросими қадимиест, ки қаблан тоҷикон пеш аз сафари дури писарашон ба ҷо меоварданд.
Тибқи ин маросим, модари навасакар ба писараш дар матои сафед ду кулчаро меорад ва ҷавон аз онҳо пораеро мегазад. Ин кулчаҳои газидашуда то бозгашти ӯ дар хонаашон нигаҳдорӣ мешаванд.
Моҳияти ин маросим дар он ифода меёбад, ки дар ин сурат хизмати ҳарбии ҷавон муваффақ анҷом пазируфта, ӯ комилан солим ба хона бармегардад.
Журналистони
шабакаи телевизионии СМ-1
дар маросими гусели наваскарон дар Хуҷанд ширкат варзида, дар ин хусус гузориш таҳия намуданд.