Рӯзҳои 15-16 июли ҳафаи сипаришуда дар фаъолияти шабакаҳои радиои Тоҷикистон рекорд гузошта шуд: шабакаи радиои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» муддати 25 соат
мустақиман барнома пахш намуд.
Дар ин
радиомарафон
меҳмонони сершумори касбу кори гуногун ба идораи радиои меҳмон шуда, аз фаъолияти кунунӣ ва нақшаҳои минбаъдаи худ ба шунавандагон маълумот доданд. Ин чорабинӣ бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ доир гардид.