spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сарчашмаҳои даромади сокинони Хоҷа Оби Гарм (чандрасонаӣ)

Мавҷудияти 2 осоишгоҳ дар ин деҳаи баландкӯҳи ноҳияи Варзоб дарёфти шуғли муносибро ба мардуми маҳаллӣ осон карда, онҳоро аз саргардонию озори мардикорӣ дар кишварҳои дигар раҳонидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Деҳаи Хоҷа Оби Гарм дар қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аҳолияш наздик ба 1000 нафар аст. Беш аз 80 дарсади мардуми таҳҷоӣ дар осоишгоҳҳои «Хоҷа Оби Гарм» ва «Сароб» кор мекунанд. «Фақат 10-15 ҳамдеҳаи мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрҳои Русия рафтаанд», – иброз дошт раиси кумитаи маҳалла Теша Ёров.

МЕДИА (IFRAME)

Дар ҳоле ки муҳоҷират имрӯз мушкили умдаи хонаводаҳои тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад, мавҷудияти ин осоишгоҳҳо барои аҳолӣ манбаи асосии ҷойи кор ва даромади нисбатан хуб гардидааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ба иттилои масъулин, айни замон дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» 102 нафар ва дар «Сароб» 30 тан аз деҳотиён машғул ба корҳои гуногунанд. Мардуми маҳаллӣ низ мегӯянд, ки ҳадди ақал нафаре аз ҳар оила дар яке аз ин ду муассиса фаъолият мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шуғли сокинони дигари ин мавзеъ кишоварзию чорводорӣ ва занбӯрпарварию тиҷорат буда, рӯзгорашон аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти гуногун ба сайёҳону дармонгирандагон пеш меравад. Теъдоде аз мардони деҳа машғули ронандагӣ буда, меҳмононро ба Хоҷа Оби Гарм овардаву бозпас мебаранд, ки ин ҳам яке аз сарчашмаҳои даромадашон мебошад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳамасола таваҷҷуҳи сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва сайёҳони хориҷӣ ба ин мавзеъ меафзояд. Мавҷудияти неъматҳои табиӣ – оби муолиҷавии радонӣ ва гулу гиёҳҳои шифобахш ҳамроҳ бо меҳмондӯстии тоҷикона ва кордонию ширинзабонии мардуми таҳҷоӣ, ки хизматрасонии босифатро асоси некӯаҳволии худ медонанд, омилҳои ҷалби ҳарчи бештари меҳмонони ватанию бурунмарзӣ гардидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба ин тариқ, осоишгоҳҳои деҳаи Хоҷа Оби Гарми ноҳияи Варзоб барои пешбурди рӯзгори сокинони маҳаллӣ нақши муҳим доранд. Ин нукта бозгӯйи он аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ метавонад заминаи бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудани натанҳо аҳолии ин деҳаи зебоманзар, балки дигар мавзеъҳои ҷолибу дилкаш ва шифобахши Тоҷикистон гардад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Переводы:

Похожие материалы

spot_imgspot_img

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Новости компаний

Новости компаний

Новости компаний

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ПОСЛЕДНИЕ НОВОСТИ

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...