Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
И.Қосимзода: Дар марги зан ва 4 духтари ӯ дар Норак ҳамсараш гунаҳкор аст - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

И.Қосимзода: Дар марги зан ва 4 духтари ӯ дар Норак ҳамсараш гунаҳкор аст

ASIA-Plus



Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар даст ба худкушӣ задани сокини шаҳри Норак Зуҳро Маҳмадёрова, ки бо 4 нафар кӯдакони хурдсолаш худро ба дарё партофта буд, ҳамсараш гунаҳкор аст.

Дар робита ба ин

ҳодисаи ҳамин зимистон рухдода

Идигул Қосимзода дар нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки Зуҳро Маҳмадёроваи 24-сола барои танҳо духтар таваллуд карданаш мудом зери таънаи шавҳараш қарор доштааст, ки ин ҳолат ба фоҷеа боис гардидааст. «Шавҳараш баъдан ба ман гуфт, ки шӯхӣ кардааст, вале тавре мебинед, зиндагӣ шӯхӣ нест», – иброз дошт ӯ.

Раиси Кумита аз бетарафӣ ва бепарвоии атрофиён, ки то ҳодиса Зуҳроро дар пул дидаанду вале касе ӯро аз ин роҳ барнагардонидааст, нигаронӣ изҳор намуд. «Ман дар ҷойи ҳодиса будам ва муддати 10 дақиқае, ки он ҷо истодам, аз наздам қариб 100 автомашина гузашт ва ин ҳам дар ҳолест, ки Зуҳро 2,5 соат дар он пул истода буд», – қайд кард номбурда.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 5 феврали соли равон сокини деҳаи Дӯстии шаҳри Норак Зуҳро Маҳмадёроваи 25-сола бо 4 духтараш худро аз болои пул ба дарёи Вахш партофт. Ҳамаи онҳо ғарқ шуда, ҷасадҳои модару духтаронаш – дугоникҳо Кибриё ва Хадича, Маърифати 5-сола ва Рафоати 4-соларо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дарёфта, ба кормандони милитсия супурдаанд.

МЕДИА (Youtube Embed)