Номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз Ҳизби демократ Ҳиллари Клинтон дар робита ба вуҷуд доштани “маълумоти боэътимод” дар бораи дахолати Русия ба ҷараёни интихобот нигаронӣ изҳор намуда, ҳарифи худ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трампро ба “таваҷҷуҳи зиёд ба диктаторҳо”, ки ба сафи онҳо ӯ президенти Русия Владимир Путинро низ шомил кард, муттаҳам кард. Дар ин бора Reuters хабар медиҳад.
– Ҳиллари Клинтон зикр кард, ки дахолати имконпазири Русия ба раванди интихоботи президент хатари ҷиддиест, ки онро ҳарчи зудтар ва боэътимодона бартараф кардан зарур аст, – менависад Bloomberg.
Клинтон қайд кардааст, ки президенти Русия ва ёварони ӯ шояд чунин шуморанд, ки аз ин нафъе ба даст меоваранд. «Мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки ба ҳеҷ касе барои дахолат роҳ намедиҳем», – иттилоъ медиҳад РБК.
Дар посух ба саволи журналистон дар дохили ҳавопаймо Клинтон изҳор намудааст, ки ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон бояд аз чунин рафтори Русия нигарон бошанд. «Дар мо ҳеҷ гоҳ чунин набуд, ки нерӯҳои хориҷӣ ба раванди интихобот дахолат намоянд ва номзади яке аз ҳизбҳои асосӣ аз русҳо даъват кунад, ки боз ҳам бештар ба хакерӣ машғул шаванд», – гуфтааст ӯ.