Яке аз масҷидҳои кӯҳнаи шаҳри Тошканд баъди бозсозӣ шуданаш номи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистонро гирифт.
Лола Тиллоева-Каримова, духтари хурдии Ислом Каримов, рӯзи 13-уми сентябр бо нашри баёнияе дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук гуфтааст, масҷидро ӯ ва ҳамсараш Тимур Тиллоев бозсозӣ карда ва бо машварату ризояти рӯҳониён ба он номи "Ислом – Ота"-ро гузоштанд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, масҷиди "Ислом – Ота" дар кӯчаи Фарғонаи пойтахти Узбакистон воқеъ буда, соли 2015 куллан сӯхта буд. "Аз Худованд бениҳоят сипосгузорам, ки ба ману ҳамсарам ин имконро дод, то кори савобро ба анҷом расонем ва масҷидро аз нав созем", – навиштааст Лола. Ба қавли ӯ, сохтмони ин масҷид соли гузашта шуруъ шуда, нуҳ моҳ идома кардааст.
Дар ҳамин ҳол, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 12 сентябр бо сафари корӣ ба Ӯзбекистон ташриф оварда, дар шаҳри Самарқанд ба хотири арзи эҳтироми собиқ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов қабрӣ ӯро зиёрат ва рӯи он гул гузошт.
Дар доираи ин сафар мулоқоти президенти Қазоқистон бо муваққатан иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар назар аст ва ин нахустин вохӯрии сарвари кишвари хориҷӣ бо иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон баъди таъини ӯ ба ин вазифа аст.
Қаблан, рӯзи 6 сентябр президенти Русия Владимир Путин ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда буд.