Дар музофоти Панҷоби Покистон ду қатора ба ҳамдигар бархӯрда, бар асари ин ҳодиса 6 нафар ҳалок ва беш аз 150 нафари дигар осеб диданд.
Бино ба маълумоти васоити ахбори умум, бархӯрди қатораҳо дар наздикии шаҳри Мултан субҳи рӯзи панҷшанбе ба вуқӯъ пайваста, қатораи мусофирбаре, ки аз Пешовар ба Қарочӣ ҳаракат доштаст, ба қатораи боркаше бархӯрдааст, ки ин қатора дар ин вақт набояд дар роҳ ҳузур медошт.
Гуфта мешавад, бар асари бархӯрд чор вагони қатораи мусофирбар чаппа шудаааст. Сабаби садама алҳол номаълум боқӣ монда, мақомоти дахлдор ба таҳқиқи ҳодиса машғуланд.
Зикр мегардад, ки айни замон наҷотдиҳанагон ҳамаи мусофирони дар қатора дармондаро ба берун бароварда, осебдидагон ба бемористонҳои наздиктарин мунтақил шудаанд.