Дар машқгоҳи Лоҳур марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомии Тоҷикистону Русия доир гардид, ки ба он ҳудуди 200 адад техникаи ҳарбӣ ва 800 нафар хизматчиёнӣ ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия ва артиши Тоҷикистон сафарбар шуда буданд.
Муддати як ҳафта сарбозону афсарон дар ҳайати воҳид ва ҷузъу томҳо малакаҳои мудофиа ва ҳамла, ҷустуҷӯ, муҳосира ва нобуд сохтани гурӯҳҳои ҳарифи шартиро такмил доданд.