Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим рӯзи 25 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст президент бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави маъмурии Суди ноҳияи Сангвор ҳусни оғоз бахшид.
Сипас дар маркази ноҳияи Сангвор Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан кард.
Дар маркази ноҳияи Сангвор инчунин аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Баъдан бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ намудани як қатор иншооти таъиноти гуногун сарвари давлат бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф овард.
Дар мавзеи Сари қоши ноҳияи Нуробод Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи парвариши картошка, ғунучини ҳосили ба даст омада, кишти такрории заминҳо, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос шуд.
Дар ноҳияи Нуробод сарвари давлат бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилиро мавриди истифода қарор дод.
Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Эмомалӣ Раҳмон Боғчаи бачагонаи “Зебунисо” барои 140 нафар тарбиятгирандаро ифтитоҳ намуда, дар хатнасури дастаҷамъонаи 30 нафар кӯдаки ятим иштирок кард.
Дар ноҳияи Нуробод Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шир ва бастабандии равғанро мавриди истифода қарор доданд.
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба водии Рашт Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Тоҷикобод боздид намуда, нахуст бо дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин макон инчунин бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка дар Хоҷагии деҳқонии "Қалъа" шинос шуд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳияи Тоҷикобод меҳмонхонаи наву замонавӣ, ки дорои 85 ҷои хоб мебошад, ифтитоҳ кард. Бинои меҳмонхона аз се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3 ҳазору 319 метри мурабаъро ташкил медиҳад.