Клипи нави суруди Ҷонибек Муродов «Небеса» (Осмонҳо) ба ёдбуди дӯсташ Сергей Карачун, ки як сол қабл ба таври фоҷеаомез ҳалок шуд, бахшида шудааст.
Коргардони клипи санаи 23 сентябр дар телевизиони Украина муаррифишуда клипсози маъруф ва шоумени Украина Алан Бадоев мебошад.
Қаблан Ҷонибек Муродов эътироф карда буд, ки ахиран албомҳои худро мунташир намекунад. «Ҳар як суруди нави ман рӯзи дигараш аллакай дар Интернет пайдо мешавад ва нашри албом ҳеҷ маъние надорад, – гуфтааст ӯ бо ишора ба дуздии сурудҳо. – Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки ҳар як лоиҳаи нави худро мустақилона дар интернет нашр созам ва муддати ҳар 3-4 моҳ ман табъи ҳаводорони худро бо суруди видеоклипҳои нав болида месозам».
Ин дафъа низҶонибек ба ваъдаи худ вафо карда, клипи навашаро дар саҳифаи фейсбукии худ ҷой додааст.