Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп, номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико, дар як мунозираи доғи телевизионӣ рӯзи 26 сентябр дар бораи иқтисод ва сиёсати хориҷӣ баҳс карданд.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин мунозира яке аз се мунозираи телевизионии ду номзад буд ва ба ҳадде доғ шуд, ки рақибон гоҳо сухани ҳамро бурида, якдигарро таҳқир мекарданд. Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп баъди омадан ба рӯи саҳна барои мунозира, ки онро 90 миллион нафар тамошо кардаанд, дасти якдигарро фишурданд. Ду тараф саъй карданд, ки эҳтироми ҳамдигарро нигаҳ доранд. Хонум Клинтон зимни мунозира ба рақибаш дӯстона Доналд муроҷиат мекард ва номзади ҷумҳурихоҳ, бо ишора ба мақоми пешинааш, ба Ҳилларӣ Клинтон, вазир Клинтон хитоб мекард.
Аммо бо вуҷуди оғози муаддабонаи мунозира, ҳамлаҳои лафзӣ ба якдигар шурӯъ шуд. Клинтони 68-сола ахлоқи рақибашро башиддат танқид кард ва Доналд Трампро марди фиребгаре номид, ки ба қавли ӯ омода аст, барои интихоб шудан ба мақоми раиси ҷумҳур “ҳарфҳои беҷо” бизанад. Айни замон Ҳилларӣ Клинтон, номзади баҳсбарангези Ҳизби ҷумҳурихоҳро ба он муттаҳам кард, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро ба ҳамлаҳои кибернетикӣ ба зидди Амрико ташвиқ кардааст.
Номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трампи 70-сола, ки миллиардер ва қаҳрамони барномаҳои телевизионӣ будааст, гуфт, "Шумо дар дунёи худ зиндагӣ мекунед".
"Шумо гап мезанед, амал намекунед"
Дар навбати худ Доналд Трамп, худро фарди берун аз ҳалқаи сиёсатмадорон дар Вашингтон номид, ки ба қавли ӯ Амрикоро заиф ва сардаргум кардаанд. Доналд Трамп Ҳилларӣ Клинтонро, ки ба ҳайси вакили мардумӣ ва дар аҳди раёсати ҷумҳурии Барак Обама ба ҳайси вазири умури хориҷӣ кор кардааст, "сиёсатмадори маъмулӣ" номид, ки ба қавли ӯ, "гап мезананду амал намекунанд ва хуб мегӯянду иҷро намекунанд."
Бахши зиёди мунозираи телевизионии ду тараф дар бораи иқтисод ва сиёсати тиҷоратӣ буд ва Доналд Трамп Ҳилларӣ Клинтонро ба он муттаҳам кард, ки ӯ аз созишномаҳои тиҷоратие тарафдорӣ кардааст, ки сабаби “аз даст рафтани ҷойҳои корӣ дар Амрико” шудаанд. Дар ин зимн Ҳилларӣ Клинтон ба имтиёзҳои Трампи сарватманд ишора кард ва гуфт, ӯ аз сиёсатҳои андозситоние тарафдорӣ мекунад, ки аз ҳисоби синфи миёна ва поинтар сарватмандтар шудани сарватмандонро дар назар дорад.
"Рахнагарӣ кори дасти Русия буд"
Дар масъалаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, Ҳилларӣ Клинтон ба суол дар бораи амнияти кибернетикӣ дар Амрико гуфт, "ҳеҷ шубҳае" нест, ки ҳамлаҳои чанде пеш ба зидди созмонҳои сиёсиии Амрико кори дасти Русия буд. Ӯ Доналд Трампро ба он муттаҳам кард, ки ошкоро Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро ба анҷоми ин ҳамлаҳо даъват кардааст. "Ин яке аз усулҳои баргузидаи Русия барои эҷоди ҳарҷу марҷ ва ҷамъоварии иттилоот аст", – гуфт, Ҳилларӣ Клинтон. Ӯ афзуд, вақте Доналд Трамп гуфт, Русия бояд номаҳои электронии Ҳилларӣ Клинтонро бидуздад, ба ваҳшат афтод. Доналд Трамп баъд аз ин гуфт, ки "шӯхӣ кардааст".
Доналд Трамп, ки Путинро ба ҳайси раҳбари қавӣ ситоиш карда ва гуфтааст, ки ҳамкориҳо бо Русияро беҳтар мекунад, дар посух ба иттиҳомоти Клинтон гуфт, ҳамлаҳои ҳаккерӣ метавонист, "кори дасти Русия ва ё Чин ҳам бошад." Мутахассисон ва мақомоти Амрико гуфтаанд, ба бовари онҳо, дуздии номаҳои электронии шармсоркунандаи мақомоти Ҳизби демократ кори дасти Русия ва ҳадаф аз он таъсир гузоштан ба интихоботи Амрико будааст.
Вақти сӯҳбат дар бораи НАТО, Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон аз шариконаш дар шарқи Аврупо ҳимоят мекунад, ки аз амалкардҳои Русия баъди ишғоли нимҷазираи Қрим ва кумак ба ҷудоиталабон дар шарқи Украина нигарон ҳастанд. Аммо Доналд Трамп вазифаҳои Амрико дар НАТО-ро зери суол бурд ва гуфт, "Иёлоти Муттаҳида набояд пулиси ҷаҳон бошад."
Мунозираи аввали Трамп
Мунозираи рӯзи 26 сентябр аввалин мунозираи телевизионии Доналд Трамп, миллиардери амрикоӣ аст, ки худро номзади берун аз ҳалқаҳои сиёсӣ дар Вашингтон ҷилва дода ва гуфтааст, фақат ӯ метавонад, дар ҳукумат дигаргунӣ биёрад.
Аммо Ҳилларӣ Клинтон дар ингуна мунозираҳо собиқа дорад, чун бо худи Барак Обама, раиси ҷумҳури феълии Амрико дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2008 ба ҳайси яке аз довталабони ин курсӣ чанд дафъа мунозира доштааст. Ду номзади дигар ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико Гарӣ Ҷонсон ва Ҷилл Стейн, дар мунозираҳо ширкат намекунанд, зеро дар назарсанҷиҳои умумӣ барои даъват ба мунозира ба қадри кофӣ раъй нагирифтаанд.