Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншоотҳои ҷашнии 25-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ санаи 27 сентябр ба ноҳияи Рашт ташриф овард. Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкорона бо шукуҳу самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Рашт шинос шуда, тавре маълум гардид, хоҷагидорон дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои назаррасро соҳиб гашта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми фаъол мегузоранд.
Президент дар ноҳияи Рашт ба фаъолияти осоишгоҳ расман оғоз бахшида, иттилоъ дода шуд, ки биноҳои осоишгоҳи мазкур бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, дар онҳо барои истироҳат ва барқарор кардани саломатии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фарзандони онҳо шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ноҳияи Рашт Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи муҳташами варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуд. Пешвои миллат бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ин маҷмааи варзишӣ оғози расмӣ бахшида, аз шароиту имкониятҳои фароҳамоварда шинос шуд.
Худи ҳамин рӯз дар ноҳияи Рашт Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббии ноҳияро мавриди баҳрабардори қарор дод. Бинои мазкур аз 3 – ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум дароматгоҳ, даҳлез, 4 адад ҳуҷраҳои озмоишӣ ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” шинос шуда, иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” баҳори соли 2016 дар масоҳати 6 гектар аз тарафи коръхонаи “Пайванд” бунёд гардидааст. Дар ин ҷо навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбад, ки ба содирот нигаронида шудааст.
Зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Рашт сарвари давлат изҳор намуд, ки дар замони истиқлолият дар ноҳияи Рашт барои сохтмону таҷдиди иншооти гуногун қариб 500 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар ҳаҷми 360 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд.
Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳияи Раштро тамошо карда, дар намоишгоҳ асосан мардуми меҳнатқарини ноҳия бо эҳтиром ба гузаштагони бузургу тамаддунофар, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва расму оинҳои миллӣ, анъанаҳои неку ибратбахши ниёгон ба хотири эҳё ва рушди онҳо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, маҳсули дасти устоҳои ҳунарманд ва дигар асбобҳои рузгор пешниҳод шуда буд.
Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Президенти Тоҷикистон дар назди шумораи зиёди сокинони ноҳияи Рашт, ки барои вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карда, дар барномаи рангину бошукуҳи идонаи устодони санъат ва ҳаваскорон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳузур дошт.