spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Лоиҳаи «Саводнокии молиявӣ»: Интернет-бонкинг

Мавзӯи нави мо ба Интернет-бонкинг бахшида шудааст. Ҳаёти муосири инсонро бидуни воситаҳои алоқа тасаввур кардан ғайриимкон аст. Барои онҳое, ки маблағро қадр мекунанад ва ба таври дуруст ва самаранок онро истифода мебаранд, Интернет-бонкинг як воситаи дигари мусоид мебошад.

Имрӯзҳо мо хизматрасонии Интернет-бонкингро бештар истифода мебарем. Оё истифода бурдани он дар ҳақиқат бароҳат аст ё ин боз яз падидаи мӯд  дар таъмини хизматрасониҳои бонкӣ мебошад? Биёед ин падидаро батафсил дида бароем. Интернет-бонкинг гуфта,  технологияи хизматрасонии дурдасти бонкиро дар назар доранд,ки ба мизоҷони бонк дастрасӣ ба суратҳисобҳо ва амалиётҳоро дар вақти гуногун тариқи компютери ба шабакаи Интернет пайвастшуда имкон медиҳад.

Ба хизматрасонии Интернет-бонкинг инҳо дохиланд:

– пазорати ҳисоби худ, гирифтани изҳороти корт ва суратҳисобҳои бонкӣ;

– пардохт барои хизматрасонии коммуналӣ, телевизион, интернет ва алоқаи мобилӣ, пурра кардани ҳамёнҳои электронӣ;

– интиқоли маблағ аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар дар дохили бонк;

– интиқоли маблағ аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар дар бонкҳои дигар;

мубодилаи асъор;

– пардохти қарз, пурра кардани ҳисоби амонат, ҳисобҳои нақлиётӣ ва ғ.

– пайвасти SMS-огоҳнома, гузаронидани амалиётҳо дар Интернет ва дигарон.

Афзалиятҳои Интернет-банкинг:

– бароҳатӣ;

– амниятӣ;

– соддагӣ.

Имрӯз, хизматрасонии Интернет-бонкинг аксарияти бонкҳои кишвар мерасонад. Агар Шумо дар бонк суратҳисобдошта бошед ва хоҳед, ки аз хизматрасонии Интернет-бонкинг истифода баред, барои ин танҳо ба бонк муроҷиат карда, барои пайвастшавӣ ариза нависед. Баъдан ба Шумо логин ва пароле, ки танҳо ба Шумо маълум аст дода мешавад. Бо онҳо амалиётҳои лозимаро дастрас карда метавонед. Пайвастшавӣ ва истифодаи Интернет-бонкинг, одатан, ройгон аст!

Дар мақолаи навбатӣ мо дар бораи тадбирҳои бехатарии истифодаи Интернет-бонкинг сухан мегӯем.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...