Қутбиддин Гюлен, бародари Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳонии турки муқими Амрико, дар Туркия боздошт шудааст.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба хабаргузории Anadolu ҳукуматдорони Туркия ӯро дар ҳамдастӣ бо исёнгарон, ки 15 июли соли ҷорӣ ба табаддулоти давлатӣ даст зада буданд, гумонбар медонанд.
Гуфта мешавад, Фатҳуллоҳ Гюлен дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад ва Анқара борҳо аз Вашингтон хостааст, ки ӯро таслим кунад. Вале рӯҳонии турк мегӯяд, агар даст доштанашро дар табаддулоти 15 июл додгоҳи мустақил исбот кунад, худаш ба ватан хоҳад баргашт.
Зикр мегардад, ки кӯшиши табаддулот дар Туркия шаби 15 ба 16 июли соли равон сурат гирифта, ба кушта шудани 240 одам сабаб шуд. Дар пайи тафтиши Анқара даҳҳо ҳазор нафар дастгир ва аз ҷойҳои корашон маҳрум шуданд.