spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Лоиҳаи иҷтимоии сартосарии Huawei дар бахши ТИК

Ширкати Huawei амалисозии барномаи иҷтимоии «Мутахассисон барои оянда» (Seeds for the Future)-ро дар бахши Технологияҳои иттиллотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) дар Тоҷикистон оғоз намуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба ин муносибат ахири ҳафтаи гузашта дар маҷмааи Hayatt Regency Dushanbe бо иштироки директори генералии ширкати Huawei дар Тоҷикистон Чжу Тянсин, мушовири президенти ҶТ оид ба масоили кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Бобоев, директори Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ Ҷумъа Давлатов, нахустин иштирокчиёни лоиҳа ва намояндагони ВАО нишасти хабарӣ доир гардид.

Дар доираи амалисозии ин барнома, ки ба омӯзиши кормандони давлатии ҷавон ва ояндадор дар бахши ТИК нигаронида шудааст, рӯзи 2 октябр аллакай 10 нафар иштирокчиёни барнома ба давраи омӯзишии дуҳафтаина ба Чин раҳсиапор шуданд, ки дар он ҷо бо мероси фарҳангиву таърихии Чин аз наздик шинос шуда, аз марказҳои намоишгоҳӣ ва озмоишгоҳҳои инноватсионии ширкати Huawei боздид мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Ҳарчанд имрӯз технологияҳои мо ба 85%-и корбарон аз шумори умумии аҳолии Тоҷикистон хизматгузорӣ кунанд ҳам, мо дар фикри онем, ки барои рушди индустрияи телекоммуникатсионии Тоҷикистон боз чӣ саҳме гузошта метавонем, то ки рушди дарозмуҳлат таъмин карда шавад, – гуфт директори ширкат Чжу Тянсин.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба гуфтаи номбурда, роҳандозии барномаи иҷтимоии «Мутахассисон барои оянда» яке аз самтҳои асосии фаъолияти ширкат буда, ба масъалаи омодасозии мутахассисон дар бахши ТИК дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...