Ширкати Samsung Electronics доир ба боздоштани фурӯши телефонҳои Galaxy Note 7, ки чандин маротиба дар дохили ҳавопаймоҳо оташ гирифтанд, маълумот интишор намуда, аз афроде, ки онро харидаанд, хомӯш кардан ва дигар ба кор надаровардани онро дархост намудааст.
Бино ба иттилои хабаргузории Reuters бо такя ба маълумоти ширкати Кореяи Ҷанубӣ, Samsung аз ҳамаи шарикони худ дар ҷаҳон хоҳиш кардааст, ки дар муддати санҷиши расмӣ фурӯш ва табодули смартфонҳои Galaxy Note 7-ро қатъ созанд.
Ин маълумот дар сомона барои корбарон дар ИМА интишор шуда, дар торнамо барои корбарони Русия то замони нашри ин хабар дар ин хусус маълумот вуҷуд надошт. Барои корбарони ИМА ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки бо телефон барои машварат муроҷиат намуда, метавонанд смартфони худро бо Galaxy S7 ё Galaxy S7 edge бо имкони бонуси 25 доллар иваз намоянд.
Намояндаи комиссияи амрикоии ҳимоя аз ҳуқуқҳои истеъмолгарон Эллиот Кей ин тасмими Samsung-ро дуруст арзёбӣ кардааст.
Қобили зикр аст, ки яке аз смартфонҳои Galaxy Note 7 баъди камтар аз як шабонарӯз харидорӣ шуданаш аз ҷониби сокини 25-солаи Чин Хуэй Ренҷи дар дасти молики он таркида, бар асари он ду ангушти ӯ каме осеб дид. Пас аз ин 10 октябр ширкати Samsung изҳор дошт, ки истеҳсоли смартфонҳои Galaxy Note 7 муваққатан боздошта мешавад.