Дар Чин як зани 114-сола Чжан баъди як соли фикру мулоҳизаронӣ розӣ шуд, ки бо дӯстдори 71-солаш Чжэн издивоҷ кунад.
Бино ба маълумоти портали Sina, маросими издивоҷи ин ҷуфти пиронсолон дар музофоти Баучи ноҳияи Қошғар (ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин) баргузор шудааст.
Пас аз издивоҷ Чжен изҳор доштааст, ки бо ҳамсараш дар хонаи пиронсолон шинос шуда, аввал аз таомпазии Чжан ба ваҷд омадааст ва сипас таваҷҷуҳ кардааст, ки ӯ як инсони хеле хуб аст.
Ин мард иқрор шудааст, ки ҳарчанд чандин маротиба зан дархости ӯ барои издивоҷро рад карда бошад ҳам, муддати як сол ба ӯ изҳори ишқ намуда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки Чжан ба ӯ майлу рағбат пайдо кунад.