spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қариб 97% хурдсолони Хатлон аз кӯдакистон маҳруманд (чандрасонаӣ)

Аз сабаби норасоии муассисаҳои томактабӣ, ҳамагӣ 3,4 дарсади атфоли вилояти Хатлон ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон сокинони маҳаллӣ аз сатҳи пасти таълиму тарбия ва шароити нигоҳубини кӯдакон дар ин муассисаҳо изҳори нигаронӣ мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар вилояти Хатлон 562 ҳазору 700 нафар кӯдакони синни томактабӣ сабтином шудаанд. Бино ба иттилои Раёсати омори вилояти Хатлон, қариб 97 дарсади кӯдакони минтақа аз муассисаҳои томактабӣ дур мондаанд. Вилояти Хатлон аз 1 ҳазору 552 деҳа ва 155 ҷамоат иборат буда, дар бештари онҳо муассисаи томактабӣ вуҷуд надорад.

МЕДИА (IFRAME)

Мақомот 45 муассисаи томактабиро фурӯхтанд

«Яке аз сабабҳои фарогирии ками кӯдакони хатлонӣ ба муассисаҳои томактабӣ фурӯхтан ё бо мақсадҳои дигар истифода шудани боғчаҳо мебошад», – изҳор дошт сармутахассиси муассисаҳои томактабии Раёсати маорифи вилояти Хатлон Хосият Миралиева. Ба гуфтаи ӯ, солҳои гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бинои 45 кӯдакистон аз тарафи мақомотҳои маҳаллӣ фурӯхта шудааст.

МЕДИА (IFRAME)

«Ин гуна ҳолатҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Вахш бештар ба чашм расида, чунин бесарусомониро дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ вохӯрдан мумкин аст. Агар ин муассисаҳои томактабӣ фурӯхта намешуданд, имкон буд, ки наздик ба 7 ҳазор кӯдаки дигар дар онҳо ба тарбия ва нигоҳубин фаро гирифта шаванд», – афзуд Миралиева.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар вилояти Хатлон то нимаи моҳи августи соли ҷорӣ 128 муассисаи томактабӣ фаъолият доштанд, ки дар маҷмӯъ 15 ҳазору 987 кӯдакро фаро мегирифтанд. Аз шумори умумии ин муассисаҳо 4 адад хусусӣ буданд. Гуфта мешавад, ки тӯли ду моҳи охир боз 4 муассисаи нави томактабӣ ифтитоҳ карда шуданд.

МЕДИА (IFRAME)

Ҳамчунин 727 маркази инкишофи кӯдакон айни замон дар назди мактабҳои ҳамагонӣ бо фарогирии 16 ҳазору 472 кӯдаки синни томактабӣ амал мекунанд. Дар вилоят фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 3,4% ва ба марказҳои инкишофи кӯдакон 3,5% арзёбӣ мешавад.

Барнома рӯйи коғаз монд

Мувофиқи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2014-2016, бояд дар ҷануби кишвар 57 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода мешуд. Аммо тавре аз омор бармеояд, давоми се соли охир ҳатто даҳяки ин теъдод бунёд нашудааст, ки аз иҷро нагардидани барнома гувоҳӣ медиҳад. Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, то соли 2020 дар миқёси вилоят бояд 365 кӯдакистон бунёд гардад.

Санадҳои зерин фарогири маълумоти омории то моҳи августи соли 2016 мебошанд:

МЕДИА (IFRAME)

«Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ 45 муассисаи томактабӣ дар вилояти Хатлон аз фаъолият бозмонданд ва то ин замон танҳо 17 адади онҳо барқарор карда шуданд», – мегӯяд намояндаи Раёсати маориф Хосият Миралиева. Боғчаҳои боқимонда вайрону валангор хобидаанд. Агар масъулони мақомотҳои маҳаллӣ ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо 28 боғчаи харобшудаи дигарро барқарор мекарданд, боз садҳо кӯдак ба тарбия фаро гирифта мешуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки баъзе аз кӯдакистонҳои вилоят дар 25-30 соли охир таъмири асосӣ нашудаанд ва дар маҷмӯъ 70 муассисаи томактабӣ таъмирталаб буда, 19 адади онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. «Вазъи ногувори кӯдакистонҳо дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Бохтар, Хуросон, Дӯстӣ, Шаҳритуз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Темурмалик ва Ёвон ба мушоҳида мерасад. Айни замон вилоят ба сохтмони 51 кӯдакистони иловагӣ ниёз дорад», – иброз дошт Миралиева.

Ранг бину ҳол пурс

Муассисаи тарбияи томактабии №7-и ноҳияи Вахш соли 1957 сохта шуда, то ҳол рӯйи таъмири асосиро надидааст ва дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Хусиламо Толбикова, роҳбари ин кӯдакистон мегӯяд, соли 2015 аз буҷаи маҳаллӣ барои таъмири бино 15 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буданд, ки бо истифода аз он ҳамагӣ як қисмаш таъмир гардид. «Кӯдакистони мо ҳатто як телевизор надошт, ки кӯдакон тамошо кунанд. Мо ба 50 кат ва 20 адад манеж ниёз дорем. Барои харидории телевизор маҷбур шудам, ки маоши 4-моҳаи худро сарф кунам. Аз сабаби нарасидани кати хоб кӯдакон дар рӯйи фарш мехобанд», – афзуд роҳбари муассиса.

Дар ин боғча 80 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба қавли Толбикова, дар як рӯз барои як кӯдак аз 1 то 2 сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. «Ин албатта, хеле кам аст, – гуфт ӯ. – Маблағи моҳонаи аз ҷониби волидайн пардохтшаванда, ки 40 сомонӣ барои як кӯдак аст, ба хӯроки онҳо намерасад. Хуб мебуд, агар аз буҷаи маҳаллӣ маблағи зарурӣ таъмин мешуд».

Волидайн ҳам нигаронанд

Сайдалӣ Дӯстматов, як сокини ноҳияи Бохтар, ки ду фарзандаш ба кӯдакистон мераванд, аз вазъи ногувори боғчаҳо шикоят кард: «Ман барои ҳар дуи онҳо моҳона 80 сомонӣ мепардозам. Илова бар ин, ҳар рӯз бо худ нон мебаранд. Қаблан маблағи моҳона барои як кӯдак 25 сомонӣ буд ва баъдан онро то 40 сомонӣ баланд бардоштанд. Мутаассифона, вазъ ҳамон аст, ки ҳамон».

МЕДИА (IFRAME)

Ҳамзамон сокини ноҳияи Ҷайҳун Муҳаммадӣ Саидвалӣ аз мавҷудияти ҳамагӣ ду боғча дар ин мавзеъ ва рӯзе барои нигоҳубини як кӯдак ҷудо шудани 2 сомонӣ изҳори нигаронӣ кард, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ: «Як нон дар бозор то ду сомонӣ арзиш дорад». Номбурда норасоии катҳои хоб ва рӯйи фарш хобидани кӯдаконро дар ноҳияи Ҷайҳун низ тасдиқ намуд.

Ба ин монанд даҳҳо падару модар зимни суҳбат бо мо аз вазъи ногувори кӯдакистонҳои вилояти Хатлон изҳори ташвиш карданд.

Агар вазъ ислоҳ нашавад…

Муассисаи томактабӣ зинаи аввали таҳсили кӯдакон маҳсуб шуда, барои инкишофи нутқи хурдсолон ва қобилияти фикрию фитрии онҳо, инчунин омодасозии кӯдакон ба мактаб нақши муҳим дорад. Мутахассисон изҳор медоранд, ки аз боғча дур мондани кӯдакон дар Тоҷикистон пайомади манфӣ дошта метавонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Зуҳробону Сиддиқова, дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав фаро гирифтани ҳамаи кӯдаконро ба боғчаҳо муҳим шумурда, зарурати фароҳам овардани шароит барои инкишофи мутаносиби равонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро таъкид кард.

«Ҳар як кӯдак бояд дар боғча ба камол расад, чунки ӯ одоби муошират, дӯстиву рафоқатро маҳз дар он ҷо меомӯзад. Боғча дар ташаккулёбии кӯдак таъсири мусбат мегузорад. Кӯдаконе, ки дар боғча тарбия меёбанд, нутқашон зудтар инкишоф ёфта, ҳушёру зирак мешаванд. Аммо дар зеҳни кӯдаконе, ки аз боғча берун мондаанд, ҳарфҳои бефоидаи кӯча нақш мебандад», – гуфт Сиддиқова.       

Фаъолияти ашхоси тасодуфӣ дар кӯдакистонҳо

Сатҳи пасти таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ мушкили дигарест, ки боиси нигаронии бархе аз сокинон шудааст. Гуфта мешавад, ки аксари мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ маълумоти олӣ надоранд. Дар миёни онҳо ашхоси тасодуфиро низ вохӯрдан мумкин аст.

Ба гуфтаи омӯзгор аз шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифа Каримова, дар муассисаҳои томактабии вилояти Хатлон талаботе, ки Ҳукумати кишвар барои кӯдакистонҳо муайян кардааст, риоя намешаванд. Ӯ аз он изҳори таассуф кард, ки 5 сол инҷониб таълим аз рӯйи ихтисоси мураббияи кӯдакистон дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа сурат намепазирад ва танҳо дар шуъбаи ғоибонаи Коллеҷи омӯзгории шаҳр мутахассисони ин касб омода карда мешаванд. «Мураббия шахси оддӣ нест. Ӯ бояд психологияи кӯдакро хуб донад ва мувофиқи синну сол бо онҳо муносибат карда тавонад. Агар вазъи кӯдакистонҳо ҳамин хел боқӣ монад, шояд волидон минбаъд атфоли худро ба кӯдакистонҳо надиҳанд», – афзуд Каримова.

МЕДИА (HTML)

Саъйи дастаҷамъӣ салоҳи кор аст

Рушди соҳаи маорифро Ҳукумати кишвар дар зинаи аввали сиёсати худ қарор додааст, вале масоили ҳалталаби муассисаҳои томактабӣ ҳанӯз зиёданд. Чунин вазъият ба таълиму тарбияи кӯдакон таъсири номатлуб расонида, нигоҳубини дилхоҳи онҳоро ғайриимкон месозад. Барои бартараф кардани мушкилоти соҳа талошҳои бештари мақомоти дахлдор ва мусоидати аҳли ҷомеа зарур аст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...